БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРАФШОНИИ ПАРЧАМИ ОЗОДИВУ САОДАТИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИКЛОЛИ МО ҶОВИДОН БОШАД

ҶАЙҲУН. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ бобати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо аъзои  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ливои мост-ливои халқ” баргузор намуданд.

Зимни баргузории Аксияи мазкур  масъулин дар якҷоягӣ бо волонтёрон сокинонро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо парчамҳои хурд тақдим карданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки  Парчами давлатии Тоҷикистон бояд барои ҳар як сокини ҷумҳуриамон азиз бошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он, яъне ба миллати тоҷик нишон диҳад.

Шукрона аз он кунем, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад. Бошад, ки ба бахти мо, давлати ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву истиқлол бар машоми ҷонаш вазидан дорад, бардавом монад. Таманно дорем, ки Суруди миллии ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва Парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Бигзор, парчами пурҷилло ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон ин Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Парафшонии Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиклоли мо ҷовидон бошад”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg