БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН - РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ

ПАНҶ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамасола рӯзи 24 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Бинобар ин сокинони ноҳияи Панҷ ин рӯзро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҳамасола ҷашн мегиранд.

Дар кушодашавии чорабинии фарҳангӣ, ки дар толори Маркази саломатии ноҳия баргузор гардид, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер иштирок намуда, сокинонро ба Рӯзи Парчаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбошу муборакбод намуд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, сарояндагону навозандагони ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”, гирандагони стипендияи Президентӣ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуда, бо суруду оҳангҳо дар васфи Парчами давлатӣ ва Ватану ватандорӣ қироат карда, таъби ҳозиринро болида гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg