БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ ФАХРИ МИЛЛАТ АСТ!

НОРАК. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Кормандони масъули Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Норак бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ливои мост- ливои халқ» дар ташкилоти  ибтидоии ҳизбии «Молия» доир намуданд.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия оид ба таърих ва аҳамияти миллӣ доштани Парчами давлатӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин рӯзи саид табрик гуфт. Инчунин, чанде аз аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур дар баромади хеш  қайд намуданд, ки   таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои Ватан, лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории  ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди  давлат ва миллат мебошад ва мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки парчамбардори давлату миллати  худ бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg