БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рафтори давлати Эрон бисёр нангину шармовар ва хиёнат ба дӯстиву бародархондагист

ВОКУНИШ. Экстремизм ва терроризм мафҳумест, ки имрӯз вирди забон ҳама гаштанд, ки ин ду мафҳум ба ҳам тавъаманд. Экстемизм ин зуҳурортест, ки ба тероризм меорад. Истилоҳи тероризм аз калимаи лотинии “террор” сарчашма гирифта маънояш “тарс ва ваҳм” мебошад.

Терористон ва хоҷагони онҳо мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зуроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ намуда, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумеди афкананд.

Яке аз хусусиятҳои афзудании шумораи аъзоёни ин гурӯҳҳои даҳшатафкан ин тағйир додани тафаккуру этиқод, мағзшуии онҳо зери ниқоби шиорҳо арзишҳо ва афзалиятҳои дин, хусусан дини мубини ислом сурат гирифта истодааст. Намояндагони гуруҳҳои даҳшатафкани замони муосир дар навбати аввал бо ҷавонон сару кор мегиранд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниаашон суст буда, роҳи зиндагиашонро наёфтаанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошанд, ки баъзе доираҳои ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ, ки ба амнияти кишвар ва аҳолии он хатар эҷод намуда, тавассути расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои интернет бо истифодаи моҳирона ва ноогоҳу хатарнок маводҳои бардуруғу иғовагарона гуруҳҳои алоҳидаи ҷавононро ба худ ҷалб намуда, равандҳои сиёсию иҷтимоиро тағйир доданӣ мешаванд.

Фаъолияти терористию ифротии ТЭТ ҲНИТ бо пуштибонии Эрон аз давраи баҳманмоҳи хунини феврали соли 1990 оғоз гардида буд. Издиҳоми тазоҳуротгарон, ки асосан аз муллоҳову руҳониёни манфиатҷӯи фурсатталаб, махсусан масъулон ва роҳбарони ТЭТ ҲНИТ ба майдон кашида шуда буданд, мехостанд бо ин роҳ мақсадҳои нопоку хоинонаи худро амалӣ намоянд.

Ман ҳамчун як фарди кишвар бо амри такдир дар рафти ҳодисаҳои баҳманмоҳ ва дар давраи ҷанги шаҳрвадӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият намуда, ҳамаи найрангҳояшонро медонистам.

Ошубҳои баҳманмоҳи хунин на аз тарафи мардум ва дигар нерӯҳои ҷомеа, балки маҳз аз ҷониби наҳзатиҳои лаънатӣ ва тарафдорони хоҷагони онҳо роҳандозӣ шуда буданд. Роҳбарону масъулони наҳзатӣ ва издиҳомгарони ба макри онҳо гирифторшуда бахусус ҷавонони таҷрибаи кории рузгор надошта, донишҳои дунявиашон ва диниашон суст ва гурӯҳхои ҷиноятпешаро ба тарафи худ кашида, онҳоро ба афрухтани ҷанги шаҳрвандӣ, ки сабабгори бадбахтии миллат ва ба вартаи нобудӣ тела додани давлат буд, сафарбар карданд. Маҳз ҳамин ТЭТ ҲНИТ мардуми Тоҷикистонро ба майдоншиниву сангарнишинӣ даъват намуда, дар байни табақаҳои мухталиф ва маҳалҳои кишвар ҷудоӣ андохта, бо баҳонаи мавҷи озодихоҳию иститқлолият ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил дода, боиси марги 150 ҳазор сокини осоишта ва гурезаю бехонумон шудани садҳо ҳазор нафар мардуми бегуноҳ гардид.

Имрӯз бошад роҳбарон, масъулони фирори ТЭТ ҲНИТ ва ҳаммаслакрони онҳо бо пуштибонии давлате, ки замоне дӯсту бародару ҳамзабонаш мепиндоштем, бешармона мақсадҳои ғаразноки худ, фаъолияти душманонаи худро идома медиҳанд. Онҳо ҳоло ҳам умедашонро аз ноором намудану ба гирдоби муборизаҳои навбатӣ тела додани мардуми тоҷик накандаанд. Онҳо фурасти муносиберо меҷӯянд, шаклҳои муборизаашонро вобаста ба шароит дигар мекунанд, аз воситаҳои нав ба нави тарғиботи идеологӣ ва ҷудоиандозию тафриқасозӣ кор гирифта истодаанд.

Онҳо дар ҳаққи фарзандони баруманду ҷонсупори кишварамон, ки дар лаҳзаҳои душвортарин ҷони худро дар хатар гузошта, ватанро ҳимоя кардаанд суханҳои носазо гуфта, гумон доранд, ки мардуми кишвар ба онҳо бовар мекунанд, аммо онҳо як чизро нодида гирифта истодаанд, ки мардуми кишвар кайҳо кӣ будани онҳоро шинохт, дигар ба онҳо бовар намекунад, онҳо фаромӯш мекунанд, ки сангҳои андохтаашон рӯзе ба сари худашон мезанад. Рафторе, ки давлати Эрон анҷом дода истодааст бисёр нангину шармовар аст ва мебояд барои ин хиёнатҳои дар дӯстӣ анҷомдодааш аз Тоҷикистон узр пурсад.

Мардуми кишвар солҳои охир дар фазои сулҳу субот оромиии ҷомеа зиндагӣ дошта, рӯз ба рӯз пешрави доранду ба дастовардҳои бузургашон Кохи муҳташами давлатдори ва Истиқлолияти миллиашонро рӯз аз рӯз мустаҳкаму побарҷо намуда истодаанд.

Имрӯз ҳар як фарди ватандуст, ҳақиқии барои рушду пешрафти ҷомеа, сатҳи маърифати баланд, мафкураи солим дорад, ба нақшаҳои муғризонаи онҳоро барбод медиҳад.

Тафриқаандозону манфиатҷуёни сарвари ТЭТ ҲНИТ ва Гурӯҳи 24 тоҷикони ифротианд, ки ҳамчун хори марғелон дар пои мардум мудом халандаанд, ин тоифа мардум худ ободие накардаанд ва мӯрғиби нооромию бадбахтиҳоянд, корашон фитнаву айбҷуйист. Бехабар аз он, ки Сайидои Насаф, фармудааст:

Ҳар кӣ бо душмании халқ  равонаст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Наҳзатиҳои лаънатӣ аллакай сари худро чу гирдоб хурда ба мурдаҳои сиёсӣ табдил ёфтаанд. Сиёсати режими кунунии Эрон, ки ҳам ба душмании халқи Эрон ва ҳам ба душмании миллати тоҷик равона шудааст, бо ин рафтори террористпарваронааш рӯзе сари худашро чун гирдоб хоҳад хурд ва дубора Эрон яз торикӣ берун омада, ба як кишвари тамаддунсоз табдил хоҳад ёфт.  

Раҳмон МУРОДОВ-мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg