БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳамовозии сокинон аз суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар

ШАҲРИТУЗ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар деҳаи Корези ҷамоати деҳоти Пахтаобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар бахшида ба муносибати моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид вохӯрӣ баргузор гардид.

Масъулин дар байни мардум бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати расонидани кӯмак ба табақаҳои ниёзманд суханронӣ карда, иштирокдоронро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ талқин намуданд.

Ҳамзамон, дар деҳаи Корез ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Корез " таъсис дода, ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳаи Корез аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ ҷонибдорӣ намуда, қарзи шаҳрвандии худро адо менамоем.

Баъдан мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз доир ба масъалаҳои номбурда андешаронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg