БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОБИҚАДОРОН ДАР РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ АЁДАТ КАРДА ШУДАНД

КӮШОНИЁН.  Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори  узваи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин собиқадорони меҳнат дар соҳаи тиб ва маориф Раҷабов Нуралӣ ва Салмонов Саъдулло аёдат карда шуда, ба онҳо шириниҳо ва маводҳои ғизоӣ кӯмак расонида шуд.

Вализода Икромиддин  собиқадорони ҳизбу меҳнатро бо рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ таманно намуд. Сипас, собиқадорон барои таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва ғамхориҳои пайваста, ба Пешвои миллат, Раиси  муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, барои оромиву осудагии Ватани азизамон дуои нек карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg