БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ НИШОНА АЗ БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ

ҶАЙҲУН. Дар Литсейи касбӣ техникии ноҳияи Ҷайҳун  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони  Ватан” чорабинии идона  ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида,  аз ҷониби  масъулин бошад ба таълимгирандагони ин муассиса парчамҳои хурд  тақдим карда шуд.

Ҳамчунин Муродова Шаҳноза аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” зимни чорабинии мазкур баромад намуда, қайд кард, ки Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон алалхусус барои худи банда, ки як сокини даврони соҳибистиқлоли кишвар мебошам, нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаҳои соҳибихтиёрии давлат ба шумор меравад. Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.  Таманно дорем, ки Парчами миллӣ  рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ва ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад. Сипас, чорабинии идона бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва шодиву сурури ҷамъомадагон  ба поён расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg