АНДЕША. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон, яъне Парчами миллӣ қабул карда шуд. Ба хотири эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин неъмати муқаддаси миллат ҳамасола дар мамлакат Рӯзи 24-ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад.
Аз давраҳои хеле қадим то ба имрӯз халқи тоҷик ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузоранд, ки ин амал беҳтарин нишонаи ҳувияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ ба шумор меравад.
Ва имрӯзҳо халқи шарафманди Тоҷикистон бо меҳру муҳаббат ва нангу номуси ватандорӣ бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зери парчами хеш заҳмат кашида истодаанд, ки дар натиҷа ҳама соҳаҳои мамлакат рушд карда истодааст.
Воқеан, Парчами давлатӣ рамзи ваҳдату ягонагӣ, ватандориву ватандӯстӣ ва хештаншиносиву худогоҳӣ ба ҳисоб рафта, роҳи моро дар ҷодаи анҷом додани амалҳои созандаву бунёдкорона мунаввар месозад. Бояд гуфт, маҳз Парчами давлатӣ тамоми нерӯҳоро дар лаҳзаҳои вазнини таърихӣ, яъне дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сарҷамъу муттаҳид намуда, барои бунёди давлати мустақил ба мардуми тоҷик рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд.
Дар яке аз суханрониҳояшон ба муносибати солгарди Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Мо бояд ба масъалаи суботу амнияти Ватани азизамон ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем”.
Дар ин росто изҳор медорам, ки ҳодисаҳои охири ҷаҳони муосир, монанд ба вусъат ёфтани амалҳои террористиву экстремистӣ, ки воқеан, амалҳои даҳшатноку фоҷиабор ва таҳдидкунанда ба суботу амнияти кишварҳои олам ба ҳисоб меравад, таъкидҳои Сарвари давлат водор месозад, ки ҳар як сокини мамлакат бо эҳсоси баланди ватандорӣ дар зери парчами давлатӣ саф ороста, ҳамеша фазои орому осоиштаи Тоҷикистони азизамонро ҳифзу ҳимоя намоянд.
Дар фарҷом тамоми мардуми сарбаланди кишварро ба муносибати солгарди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, таманнои онро дорам, ки Тоҷикистони мо доимо ободу зебо, парчамаш парафшон ва суҳлу ваҳдаташ ҷовидона пойдор бошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Шарифзода Гулрухсор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб