БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ – РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНДОРӢ

ҚУБОДИЁН. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дирӯз бо иштироки волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" - и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Ливои мост-ливои халқ" дар маркази ноҳия бо тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ доир карда шуд.  Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ  Шарифзода  Маҳмадаюб  иброз дошт, ки  хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ  тоҷикон  соҳиби Парчами миллӣ гардиданд. Воқеан дар ҷаҳони муосир  доштани Парчами миллӣ нишони Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ буда,  давлат тавассути он дар  ҷаҳон муаррифӣ мешавад. Парчами миллӣ гиромидошти  яке аз муқаддасоти  миллати  муттамаддину  бомаърифат, нишонаи  муборизаву  ҷоннисориҳои халқи  тоҷик барои  озодиву  истиқлол, илҳомбахши  фаъолияти фидокоронаи  фарзандони содиқи Ватан ва ҳидоятгару  раҳнамои зиндагии босаодат мебошад.  Сипас,  волонтёрону аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо  тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ ва парчамчаҳо миёни аҳолӣ иштироки фаъолона карда, онҳоро бо ин санаи таърихӣ табрик гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg