ЁВОН. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагон, ниҳоди ноҳиявӣ ва маҳфили волонтёрон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Аксияҳои тарғиботӣ зери унвонҳои «Ливои мост- ливои халқ» ва «Парчам рамзи давлатдорӣ» дар кӯчаву хиёбонҳо, боғҳои фароғатӣ ва ҷойҳои сераҳолии ҳудуди ноҳия баргузор карда шуд.
Дар рафти аксияҳои мазкур 500 адад маводҳои тарғиботӣ (брашураҳо) ва 250 адад парчамчаҳои хурд ба сокинону меҳмонон тақдим карда шуд.