ВОСЕЪ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Парчами миллӣ - рамзи сарҷамъиву иттиҳод, нишони соҳибдавлативу мустақилият, омили муттаҳидсози мардум, заминаи худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ маҳсуб ёфтани Парчам гувоҳи Истиқлолият буда, таҳти ин ливои муқаддас халқи шарифи мо ба сӯи ояндаи ободу дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Субҳи дирӯз низ чун ҳарсола дар маркази ноҳияи Восеъ шаҳраки Ҳулбук Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта шуд. Дар рафти чорабинӣ аз тарафи роҳбарон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, аъзои фаъоли ҲХДТ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо як ҳисси баланд ва масъулиятшиносӣ роҳпаймоӣ сурат гирифт.
Бояд зикр намуд, ки дар ин роҳпаймоӣ аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо гирифтани Парчам дар даст таҳти шиорҳои «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон» ва «Шараф ба Пешвои муаззами миллат» роҳпаймоӣ намуданд.