БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЛИВОИ МОСТ- ЛИВОИ ХАЛҚ

ВАХШ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дирӯз бо иштироки  волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" - и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Ливои мост -ливои халқ"  бо тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ ва парчамҳои хурд зери унвони "Парчам рамзи давлатдорӣ" доир карда шуд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Парчам рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст. Дар рафти  Аксияи ҳизбӣ масъулин дар кӯчаву роҳравҳо ва маркази ноҳия бо сокинони қишрҳои гуногун вохӯрда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ ва парчамчаҳоро ҳамчун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ туҳфа карда, онҳоро бо Рӯзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg