БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таваҷҷуҳ ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ зиёд аст

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    нақшаи  мувофиқашуда   оид  ба  баргузории  вохӯриву мулоқотҳо дар  корхонаву  муассисаҳо  ташкилот ва  деҳаю  маҳаллаҳо оид  ба  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ чорабинии фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати  боз  ҳам    густариш  додани  иртибот  бо  мардум  ва  ҷалби   васеъи ҷавонон  ба  амалӣ  намудани  ҳадаф ва  мақсадҳои  созандаи ҲХДТ дар ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии   «Муасисаи  давлатии  назорати роҳҳои  автомобилгард» бо  иштироки    кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  вохӯрӣ  баргузор  гардид.

Сараввал раиси  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  номбурда Хоҷаев  Қурбоналӣ.   мақсади  вохӯриро  ба  ҷамъомадагон фаҳмонида дод. 

Баъдан  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  Алиева  Сураё оид  ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ -ҳизби   созандаю  бунёдкор,  ҳадафҳои  барномавӣ  ва сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Раиси  муаззами  ҲХДТ   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон андешаронӣ намуд.

Инчунин, мудири  шуъбаи таблиғот,  иттилоот  ва  матбуоти Кумитаи  иҷроия дар  ноҳия  Муродов  Раҳмон нуктаҳои  асосии  Паёми   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  шарҳу тавзеҳ  дода,  таъкид  намуд, ки  дар  баробари дигар  омилҳои  хатарзо ба  генафонди  миллат паҳншавии  бемориҳои  сирояткунанда,  махсусан ВНМО/АНМО ВИЧ/СПИД  ва  Гепотити  С бисёр  ташвишовар  гардидааст.

Вазифаи  ҳар  як  фарди  ҷомеа, бахусус  аъзои  ҳизб   пешгирӣ аз майл  ба  фарҳанги  бегона, баланд  бардоштани  манфиатҳои  миллӣ,  тарбияи  насли ҷавон  буда,    мо  масъулинро  зарур  аст, ки  бо  мардум дар  маҳалҳои ноҳия  ҳамкориро  густариш   диҳем,  иртиботи  худро  бо  деҳот  пурзӯр  кунем ва  онҳоро   дар  самти  татбиқи ҳадафҳои  стратегии  давлату  Ҳукумат, ободонию  созандагӣ    равона  карда, ҷиҳати дар ҳолати  хуби  техникӣ  нигоҳ доштани  роҳҳо   сафарбар  намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg