Ҷ.БАЛХӢ. Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби волонтёрони назди Кумитаи иҷроия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Парчам - рамзи сарбаландии миллат!” гузаронида шуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассисаҳо маводҳои таблиғотии ҳизбӣ тақсим карда шуд.