ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохтии бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар толори ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони “Парчам рамзи давлатдорӣ” баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ дар бораи таърихи пайдоиши Парчам ва эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ, ки вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ мебошад, андешаронӣ карда, иштирокдоронро бо ин рӯзи фараҳ шодбош гуфтанд ва ба онҳо парчамҳои давлатиро тақдим карданд. Инчунин, дар ин радиф дигар баромадкунандагон низ фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба ин мавзӯъ баён дошта, аз ташкилкунандагони чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.