ХУРОСОН. Дар маҳаллаи ба номи Абдураҳим Соҳибназарови ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Подшоқулов Парвиз ва дигар шахсони масъул бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Азизова Сабоҳат дар назди ҷамъомадагон оид ба ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, оид ба Конференсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи «Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез», мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12-майи соли 2018 бармеояд ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуд.
Дар охир ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас намуда, аз иштирокдорон дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани корҳои хзайру савоб ба шахсони яккаву танҳо, оилаҳои камбизоат, пирону барҷомондагон, ятимону маъюбон даъват ба амал овард.