ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва садоқат ба Ватан бо ҷалби волонтёрони ҳизбӣ вобаста ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар кӯчаҳои маркази шаҳрак Аксияи тақсимоти парчамҳои хурд таҳти унвони “Парчам рамзи давлатдорӣ” – ро баргузор намуданд. Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ ба шаҳрвандони қишрҳои гуногуни ҷомеа парчамҳо дастрас карда, онҳоро бо Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфтанд. Аз ин иқдоми пешгирифтаи ҳизбиён шаҳрвандон болидахотир гардида, миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҲХДТ изҳор доштанд.