![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20201121_092233.jpg?itok=koSm0nXz)
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳрӣ" бо мақсади ободу зебо гардонидани саҳни корхона шанбегӣ доир карда шуд. Дар ин рӯз аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҷиҳати рушду ободонии коргоҳи худ ба ҳашари умумӣ баромада, баҳри зебогардонии гӯшаву канори шаҳрамон садоқатмандона меҳнат карда, тамоми майдонҳои атрофи коргоҳро тоза намуда, саҳни корхонаро сарсабзу хуррам ва тозаю озода нигоҳ медоранд.