АНДЕША. Парчам рамзи хоси соҳибистиқлолӣ, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат буда, ҳанӯз аз замонҳои қадим нишони шукӯҳу ифтихор ва нангу номус мебошад.
Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ гардиданд. Воқеан дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ нишони Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ буда, давлат тавассути он дар ҷаҳон муаррифӣ мешавад.
Парчами миллӣ гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати муттамаддину бомаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи Ватан ва ҳидоятгару раҳнамои зиндагии босаодат мебошад.
Имрӯз Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум баҳри ободии кишвар, ҳаммаромии дирафши Ковиёнии аҷдодиамон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон , пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳии родмардони сарзаминамон башорат медиҳад. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар Рӯзи Парчами давлатӣ таъкид кардаанд: ”Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад”.
Арзанда аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди миллат қарор бигирад, зеро Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии миллат ва давлатдории он гувоҳӣ медод.
Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд вале ҳанӯз дар хусуси парчамҳои аҳди Сомонӣ ва давлатдориҳои минбаъда, то имрӯз маълумотҳои дақиқ ба даст наомадааст.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи як кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам парафшонӣ намуда, ба оламиён аз мавҷудияти як давлати тозаистиқлол, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон, мужда медиҳад.
Аз ин рӯ муҳаббат ва эҳтироми Парчами давлатӣ бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус маъво дошта, ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Соли 2011 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баландиаш 165 метрро ташкил медиҳад, парафшон гардид.
Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард аз овони хурдӣ тарбия карда шавад, ки ин рисолати муҳим вазифаи оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва аҳли ҷомеа мебошад. Дар марҳалаи навбатии рушди бомароми кишвари азизамон ҳар яки моро лозим аст, ки ҳамаи азму талоши худро ба хотири пешрафту ободии Ватани муқаддасамон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона созем.
Зеро Парчами давлатӣ ҳамчун нишони шуҳрату сарфарозӣ, баёнгари ормонҳои миллат ва азму иродаи қавии мардум баҳри ободӣ ва пешрафту гулгулшукуфоии кишвари азизамон -Тоҷикистон мебошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!
Зебо Бозорова, сармутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон