БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГАРАВИШИ ҶАВОНОНРО БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и ноҳия Фархор мулоқот доир намуд.

Дар ин мулоқот роҳбари намояндагии  ТҶҶ "Созандагони Ватан" Раҳимова Маъмурбӣ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки «Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи нангу номуси ватандорӣ бошем, мардуми кишварро ба ободу хуррам гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, боло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем». Вале, сад афсӯс, ки баъзе аз ҷавонони гумроҳи тоҷик фирефтаи ваъдаҳои даҳшатовари намояндагони «қиёмат» шуда, баъзеҳояшон фирефтаи маблағҳои пучу бемаънӣ  гашта, ба ташкилотҳои террористӣ шомил шуда пушаймон мешаванду мебинанд, ки аллакай дер шудааст.

Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сатҳи дониши худро баланд бардоранд, то фирефтаи ақидаҳои ифротӣ нагарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg