БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНДОРӢ

АНДЕША. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин эҳтироми миллат ба давлату давлатдорӣ мебошад.

Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии кишварамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ, аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.Дар баробари ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ ба шумор рафта, шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳамаҷониба ва соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Ин аст, ки ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 24 ноябр ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.

Дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рангҳои сурх, сабз ва сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни муборизони роҳи озодӣ ва сабзии хатти дафтару девони пешиниён маншаъ мегирад, ҳамчун таҷассумгари соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ инъикос гардидаанд.

Бинобар ин арзанда аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар як фарди миллат қарор бигирад, зеро Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд ва аз ҳастии миллат ва давлатдории он гувоҳӣ медод.

Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд вале ҳанӯз дар хусуси парчамҳои аҳди Сомонӣ ва давлатдориҳои минбаъда, то имрӯз маълумотҳои дақиқ ба даст наомадааст.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи як кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам парафшонӣ намуда, ба оламиён аз мавҷудияти як давлати тозаистиқлол, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон, мужда медиҳад.

Аз ин рӯ муҳаббат ва эҳтироми Парчами давлатӣ бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус маъво дошта, ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Соли 2011 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баландиаш 165 метрро ташкил медиҳад парафшон гардид.

Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард аз овони хурдӣ тарбия карда шавад, ки ин рисолати муҳим вазифаи оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва аҳли ҷомеа мебошад. Дар марҳалаи навбатии рушди бомароми кишвари азизамон ҳар яки моро лозим аст, ки ҳамаи азму талоши худро ба хотири пешрафту ободии Ватани муқаддасамон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона созем.

Зеро Парчами давлатӣ ҳамчун нишони шуҳрату сарфарозӣ, баёнгари ормонҳои миллат ва азму иродаи қавии мардум баҳри ободӣ ва пешрафту гулгулшукуфоии кишвари азизамон -Тоҷикистон мебошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

З. Шоҳиён, раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg