БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба корҳои хонагӣ рӯ оварда, онро ба манбаи даромади доимӣ табдил дода истодаанд

ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони маҳаллаи Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Москва вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроия Исмоил Гадоев, кормандони масъули ҳизб Фирӯз Пиров ва Саидҷалол Ҷалилов иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ Исмоил Гадоев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористиву экстеремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби шаҳрвандони бекор ба корҳои хонагӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи хизмати он, ҳифзу самаранок истифода бурдани ҳар қатра оби мусаффои Ватан суханронӣ кард.

Дар охир иштирокдорон ба Исмоил Гадоев саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд ва 6 нафар сокинон ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg