БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НОМЗАДИ АРЗАНДА БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хати роҳ” вохӯрии номзади арзанда аз ҲХДТ ба вакили Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Кӯлоб муовини раиси  шаҳри Кӯлоб Раҳимов Суҳроб, масъули ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Насим Саидов  бо иштироки   интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар ин  вохӯрӣ номзад аз ҲХДТ ба вакили Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Раҳимов Суҳроб, Саидов Насим  ва шахсони боэътимоди номзад муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва Абдулло Бобоев иштирок ва баромад намуданд.

Пас аз муаррифии  тарҷумаи ҳоли номзад  аз ҷониби шахсони боэътимод бо аҳли толор Раҳимов Суҳроб   ба сухан баромада, бобати барномаи пешазинтихоботии хеш, ба саҳми ҳозирин иттилоъ дод. Иштирокчиён низ дар рафти мулоқот фаъол буда, пешниҳоду дархостҳои худро  ба номзади худ  пешниҳод карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg