
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Орҷоникидзе"- бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Орҷонкидзе” Даминова Арафамо вобаста ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Шарифзода Гулрухсор ба сухан баромада, таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешгоми ҷамъият дар сафҳои худ қувваи бузурги созандаеро муттаҳид намудааст, ки метавонад дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми беназир гузорад.
Инчунин,дар фарҷоми вохӯрӣ ба 10 нафар корманди ҷавон, ки бо хоҳиши худ барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд, аз ҷониби Шарифзода Гулрухсор ба онҳо билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.