БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМАТ ДОИМ ПАРАФШОН БОД, ТОҶИКИСТОН!

АНДЕША. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2009 санадеро ба имзо расониданд, ки бар пояи он ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил карда мешавад. Тоҷикистон баъд аз Туркманистон дувумин кишвари Осиёи Марказист, ки иди парчами худро ҷашн мегирад. Вале ба фарқ аз Туркманистон Тоҷикистон ин рӯзро рӯзи таътил эълон накардааст.

30-уми августи соли 2011 дар канори  рости  Қасри миллат бурҷи Парчами миллии Тоҷикистон сохта шуд, ки  баландии  сутуни он 165 метр буда, дарозии матои он 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад, ки ба Китоби  рекордҳои Гиннес ҳамчун баландтарин парчам дар  ҷаҳон сабт  шуд. Ва аз ҷониби намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес  сертификат дар бораи баландтарин парчамро  ба Ҷанобӣ Олӣ  тақдим намуданд ва ин боиси сарфарозии миллати тоҷик ҳам буд, Пешвои муаззами миллат ин муҷасаммаи рамзи давлатдориро чунин арзёбӣ намудаанд: «Парчами миллӣ ифодагари истиқлол, нангу номус, ватандӯстию ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёди мост».

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, 24-ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  навбатии  худ ба муносибати рӯзи Парчам аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста гуфтанд: «Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мекунад».  Дар давоми даҳсолаи охир  тавонистанд якчанд варзишгарони ҷавони мо, аз ҷумла Дилшод Назаров, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Комроншоҳи Устопириён, Беҳрӯзи Хоҷазода ва ғайра амсоли инҳо Ватандӯстии худро бо маҳорату ҳунари волоӣ худ собит сохтанд, ки  дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд ва парчами давлатамонро баланд бардоштанд.

Дар ин раванд мо ҷавонони зодаи истиқлол сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро пайгирӣ намуда, барои доимо баланд бардоштани Парчами миллӣ дар ҳамагуна самтҳо- илму дониш, технология, фарҳангу санъат, сайёҳӣ ва варзиш кӯшиш менамоем. Дар арсаи ҷаҳонӣ парчами худро доимо парафшон нигоҳ медорем. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо меҳру муҳаббати содиқона, бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ, ки рамзи давлатдорӣ  мебошад,  муборакбод мегӯям ҳамватанони азиз!

Юсупов Саидқурбон,  мудири шуъбаи таблиғотӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ                          

                                                                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg