Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷузъ парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
АНДЕША. Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Призеденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон 24-ноябр Рӯзи Парчами далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст. Минбаъд ҳамасола дар кишвар 24 - ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил карда мешавад, ки чунин иқдом нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия кардани насли наврас аст.
Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаҳои соҳибихтиёрии давлат ба шумор меравад. Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Гуфтан ба маврид аст, ки Сарвари давлат фаъолияти давлатдории хешро бо бӯсидан ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ шурӯъ намудааст. Боиси ифихор аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо зери Парчами давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона ба сӯи ояндаи нек сарбаландона қадам мегузорад.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷамеаи мо ба ҳисоб меравад ва моро зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.
Имрӯз касе, ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳои миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳизбиён ва тамоми мардуми Тоҷикистонро дар остонаи ин ҷашни фархунда – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод мегӯям. Умедворам, ки Суруди миллии ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ