БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидои ҳизбии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №20- и деҳаи Сулҳободи Ҷамоати деҳоти Тугарак бо иштироки масъулини ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот  Мирзоев Сафаралӣ  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҳамагонро бо фарорасии Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки ҳар як кишвар аз қадимулайём нишонаҳои давлатдории худро дошту дорад, ки ин ҳамчун муқаддасот дар сохтори давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчами миллӣ низ яке аз муқаддасот аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.

Ҳамзамон масъулин дар идома  оид ба  пешгирии бемории сироятии коронавирус  ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ибрози ақида намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки барои эмин нигоҳ доштани худ ва наздикон  аз бемориҳои сироятӣ пайваста аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ истифода бурда, аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg