БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади гуруҳҳои ифротӣ нобуд сохтани башарият аст

ФАРХОР. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Ғайрат вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар назди сокинон оид ба хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз ташкилоту ҳаракатҳои террористиву ифротӣ ба монанди ТЭТ ҲНИТ, салафия, ваҳобия, ДОИШ, Толибон, “Ҳизб-ут таҳрир” суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, барои пешгирӣ ва фирефта нагардидан сокинонро аз аҳдофу мақсадҳои нопоки чунин гурӯҳҳо огоҳ намуданд.

Ҳамчунин, ҳадаф ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро пурра шарҳу тавзеҳ дода, иброз дошт, ки пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди қонуни мазкур дар зеҳну мафкураи миллати тоҷик таҳавуллоти ҷиддиеро ба амал овард ва мардумро ҳидоят намуд, ки аз расму оинҳои нолозиме, ки тӯли садсолаҳо дар мафкураи мардум ҷой гирифта буд, даст бикашанд. Имрӯзҳо сокинон натиҷаи мусбати қонуни мазкурро дарк карда, рӯ ба сарфакорию сариштакорӣ овардаанд.

Ҳамзамон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия – Раҳмонов Далер ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози ақида намуда, ёдовар шуд, ки мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ ва

фарҳангӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Дар рафти маҷлис аз ҳисоби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Ғайрат, ки 22 нафарашон сокинони деҳаи Ҳаёти нав мебошад,  ташкилоти ибтидоиии ҳизбӣ бо номи «Тоҷикон» таъсис дода шуд. Раиси он Тоҷиддинов Ҷумъахон Сайфуддинович интихоб гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg