![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20201119_111404.jpg?itok=DpeyT62z)
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохтти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68-и Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов хонандагони синфҳои болоӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар ин вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ баромад намуда, ба хонандагон талаботҳои беҳдоштӣ ва роҳҳои асосии пешгирии ин бемории сироятии хавфнокро фаҳмониданд.
Ҳамзамон, аз тарафи масъулин таъкид карда шуд, ки мо ҳамагон бояд талаботҳои беҳдоштии шахсиро қатъӣ риоя намоем ва дар ин ҳавои сард бе зарурат ба берун набаромада, пайваста аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода барем. Бо ин амал мо метавонем хавфи сироятёбиро кам намоему баҳри солимии наздикону пайвандон дар умум ҷомеа саҳми худро каме бошад ҳам, гузорем.