БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ дар Ҷамоати деҳоти Панҷ семинар-машварати омӯзишӣ доир ба “Таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Бекмамадов Асалмамад ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Сулҳобод, “Сари-пул”, “Фатҳобод”, “Файзбахш”, “Кӯҳдоман”, “Розиқобод”, “Рӯдакӣ”, “Пахтакор”, “Мадад”, “Баҳористон”  баргузор гардид.

Намояндагони ҳизбӣ дар охири  семинаи омӯзишӣ ба муносибати Рӯзи  Парчам иштирокчиёнро табрик намуда, қайд карданд, ки Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии кишварамон буда, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Ҳамин тариқ, Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷо овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg