БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ РАҲНАМОИ ОЯНДАИ БОСАОДАТ АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба  иҷрои  нақшаи  чорабиниҳои Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  кормандони  масъули  Кумитаи  иҷроия бо  мақсади таъмини  иҷрои таҳкими  низоми ҳаракати аъзои  ҳизб, тоза  намудани  аъзои  ҳизб тибқи  картотека, муайян кардани  рӯйхати  аниқи аъзои  ҳизб  ва таҳлили  низоми  ҳуҷҷатгузорӣ, китоби  бақайдгирии аъзои  ҳизб, расонидани кӯмак ва  баланд  бардоштани масъулияти  раисони  ташкилотҳои  ибтидоӣ бо  раисони ташкилотҳои ибтидоӣ  Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  корҳои  фаҳмондадиҳиро  баргузор  намуданд.

Раисони ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизб  вазифадор  гардиданд, ки оид  ба  амалӣ  намудани сиёсати  ҳамаҷонибаи  ҳизб фаъол бошанд, қарорҳои   ҳизбиро  бечунучаро  дар  ҳаёт  татбиқ намоянд, ҳадафҳои  барномавии  ҳизбро  барои  амалишавиашон тарғиб  созанд   ва дар  чорабиниҳои  ҳизбӣ фаъолона  ширкат  варзида,  барои  баланд  шудани  нуфузи  ҳизб дар  ҷомеа  фаъол  бошанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg