![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/4_139.jpg?itok=Ju5q4xO9)
НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Кумитаи иҷроияи шаҳри Норак бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Қумриниссо Гулмуродзода ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар рафти семинар – машварат Қумриниссо Гулмуродзода оид ба тарзи ба танзим даровардани ҳаракати аъзои ҳизб маълумотҳои мушаххас дод.
Сипас, Зоирзода Савзалӣ оид ба қабул, қатъ ва боз доштани узвият ба ҳизбро тибқи бандҳои “Оиннома”-и ҲХДТ ба иштирокчиён фаҳмонид.
Дар фарҷоми семинар- машварати омӯзишӣ аз ҷониби раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ саволҳо дар доираи мавзӯъ дода шуда, масъулин ба саволҳои онҳо ҷавобҳои қаноатбахш гардонданд.