ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Кумитаи иҷроияи Ҳизбӣ Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён семинари омӯзишии ҳизбӣ оид ба таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҲХДТ-ро бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор намуд.
Дар семинар-машварати мазкур корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷумаев Алиҷон иштирок дошта, доир ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Баъдан ба иштирокдоштагон ҳуҷҷати таҳкими низоми ҳаракати ҳизбро дастрас карда, даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ талош варзанд.
Дар охири семинари дастурдиҳӣ Ҷумаев Алиҷон ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас гардонид.