БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ МО - ИФТИХОРИ МО

АНДЕША. Парчами Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як шахси худогоҳ аст. Бо дидани Парчам дар пояи  баланд дар дили кас  меҳри ватандорӣ бедор мегардад.

Парчамдории тоҷикон таърихи ҳазорсолаҳо дорад. Халқи тоҷик барои ифодаи мавқеъ ва манзалати худ аз парчам истифода менамуд.

Корномаи Коваи Оҳангар аз асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ -  “Шоҳнома”, ки пешдомани чармини худро парчам намуда, бар зидди ноадолатиҳо мубориза бурд, далели  гуфтаҳои болост.

Парчами  мо ифтихори мост. Он имрӯз ҳамчун муаррифгари кишвар дар тамоми дунё  мебошад. Он дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосии давлатамон ба шумор меравад. Боиси  ифтихору сарфарозист, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон сол сар карда,  дар кишварамон ҳар сол 24 ноябр  ин сана ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Бо истифода аз фурсат ҳамаи ҳамдиёронро ба ҷашни миллии Парчами давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, барояшон тинҷию оромӣ, хонаи ободу бахту саодатро таманно менамоям.

Исфандиёр Саидмаҳмудов, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg