ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати Деҳоти Обшорон семинар-машварати омӯзишӣ таҳти унвони “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизб” бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди Ҷамоати деҳоти мазкур баргузор гардид.
Дар рафти семинар-машварат намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб ва М.Раҳмонова дар бораи тахкими низоми ҳаракати ҳизб, густариш бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карданд.
Пас аз пешниҳод гардидани маълумотҳо ба иштирокчиён ба воситаи саволномаҳои тестӣ сатҳи дониши раисони ташкилотҳои ибтидоӣ санҷида шуд.
Дар охир аз ҷониби иштирокчиёни семинари омӯзишӣ саволу пешниҳодҳо ба намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҳизб пешниҳод карда шуд, онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.