БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАҲРИ ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ДОХИЛИҲИЗБӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ рӯзи сеюм аст, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати  ҷоннок намудани фаъолияти ҳизбӣ, семинар-машварати омӯзишӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва роҳбарону коргузорони ташкилотҳои  ибтидоӣ  гузаронида шуд.

Кори  семинарро бо суханҳои ифтитоҳӣ Муҳаммадддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия ҳусни оғоз бахшида, ҷиҳати таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба  иштирокдорон  машварат  дод.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ низ зимни баромадҳояшон дар ҷараёни  кори семинар дастурдиҳии “Таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб”, фаъолияти коргузорони ташкилотҳои  ибтидоӣ  тибқи Низомнома ба иштирокдорон корҳои  фаҳмондадиҳӣ гузаронида, кори семинар-машварат муфид ва бо суолу ҷавоби иштирокдорон ба  охир  расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg