
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ семинар- машварати омӯзишӣ бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Москва гузаронида шуд.
Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилооти Кумитаи иҷроия Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, ки ҳадаф аз гузаронидани семинар-машварат тозакунии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва таҳкими фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар ин самт мебошад. Сипас, миёни намояндагони ҳизбӣ ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ суолу ҷавобҳо доир гардида, иштирокдорон аз баргузории чунин семинар-машварати омӯзиҳӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.