БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ДАР ПЕШРАФТУ ОБОДИИ ВАТАН САҲМ МЕГУЗОРАНД

ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бахшида ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Бахор”, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 Шарипов Мирзошариф дар деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор корҳои  ободонӣ гузаронида шуд. Мавсуф аз ҳисоби даромади хоҷагии деҳқонии аъзои оилааш ба миқдори 100 тонна асфалт харидорӣ карда, масофаи тақрибан 400 метр роҳи дохили деҳа ва назди бинои мактаби деҳаро асфалтпӯш кард.Дар кори тахту ҳамворкунии роҳи мазкур дигар сокинон низ саҳмгузорӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg