ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия семинар-машварати омӯзишӣ бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида шуд.
Зимни суҳбат муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Ҳасанова Нигора оид ба “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ” ба иштирокдорон дастурҳои муфид дод. Дар фарҷом бошад ба муносибати Рӯзи Парчам ҳозиринро табрик намуда, қайд кард, ки Парчами давлатӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии кишварамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ, аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.