БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ-РАМЗИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

АНДЕША. Парчам рамзи асосии давлат ва миллат мебошад. Парчам аз замонҳои хеле қадим ҳимояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, мақому манзалати арзишманд дорад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободу дурахшони Тоҷикистон аст.

Парчами миллӣ, ҳамчун Парчами муқаддас ифтихор аз давлат, аз ниёгон, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз пурарзиштарин мероси таърихии миллати тоҷик мебошад.

Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат мебошад, дар қатори Суруди миллӣ ва Нишон аз рамзҳои давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчам 24 ноябри соли 1992 ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардидааст.

Парчами Ҷумхурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокинони ҷумҳурӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки «Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд».Шукргузор аз онем, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳиби Парчами миллии худ гаштем. Имсол халқи тоҷик 29 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд ва дар ҳамаи чорабиниву ҷамъомадҳои тантанавии ин ҷашни фархунда Парчами миллӣ ҳамчун рамзи асосии давлати соҳибистиқлол парафшонӣ намуд. Парчами миллат дар худ қувва ва неруи муттаҳидкунандаву сарҷамъона дошта, мардуми кишварро ба хотири амалигардонии мақсаду мароми ояндасоз даъват менамояд. Парчами мо чун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик хеле азизу гиромист.

Ҳар яки мо бояд ба Парчами миллӣ эҳтиром зоҳир намоем, ҳамеша дар ҳама ҷо онро пос дорем, барои ҳимояи он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, падару модар, хонавода, рӯҳи гузаштагон ва таъриху суннатҳои халқу миллати кишвари худ аст. Парчами миллии мо, сари баланди мо, ифтихори мо, шарафи мост. Бинобар ҳамин, муносибати мо ба Парчами миллӣ бояд боэҳтиромона ва эҳтиёткорона бошад. Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқадасоти миллат – Парчам аст. Парчами миллӣ гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост.Ҳизбиёни ноҳияи Кӯшониён сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар атрофи Президенти кишвар муттаҳид мебошанд.

Ҳамаи Шуморо, хамватанони азиз ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ самимона муборакбод мегӯям. Бигзор дар фазои софи Тоҷикистони соҳибистиқлол Парчами миллӣ ҳамеша парафшон бошад!

Абдусаломзода Мунаввар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg