БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ПОСДОРАНДАИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

“Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд”.

                                                                                                           Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Дар арсаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро имрӯз бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва дар ҳолати рушду тараққиёти босубот қарордошта, мешиносанду эътироф менамоянд, ки ин обрӯву эътибори кишварамон ба мо ҷавонон илҳоми тоза, нерӯву тавоноӣ ва умед ба фардои дурахшон мебахшад.

Агар мо ба рӯйдодҳои ҳассоси таърихие, ки давраҳои тақдирсози кишварамонро ташкил медод, назар афканем, он шароити мураккаб баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ пушти сар шуданд. Хотираҳои ибратбахши таърихие, ки мамлакати мо онро пушти сар намуд, мо – ҷавононро муваззаф менамояд, ки боз ҳам баҳри устувории таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва бақои давлату миллат аҳаммияти махсус зоҳир намоем. Мо бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мо – ҷавонон вогузор намуданд.

Шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ ҷавононро вазифадор менамояд, ки арзишҳои умумимиллӣ ва давлатии мамлакатро ҳифз намоянд ва аз ҳама манфиатҳо боло донанд. Манфиатҳои миллии мо пеш аз ҳама ин ҳифзи сохти конститутсионӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ягонагиву иттиҳод, истифодаи ҳамаҷонибаи захираҳои табиии кишвар, махсусан захираи обӣ, рушди иқтисоди миллӣ, нигоҳдошт ва баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишвар, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг, расму оин ва ҳуввияти миллӣ мебошанд.

Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифзи манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ назди мо – ҷавонон чун вазифаи ҷонӣ истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханрониҳои худ иброз медоранд, ки “Зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем” ва хотиррасон намудаанд, ки “Пеш аз ҳама бояд сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бебаҳои худ, яъне Ватан ва соҳибихтиёрии миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем”.

Асри XXI бо фазои гуногун, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ мекунад. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.

Новобаста аз рушди устувори босуботи иқтисодӣ ва арзишҳои пуриқтидори замонавии давлатҳои тараққиёфта, таҷрибаҳои сиёсии ҷаҳонӣ собит сохт, ки дар равандҳои хатарҳои умумибашарӣ наметавонанд амнияти давлатро таъмин намоянд. Танҳо давлатҳое амнияти худ ва осоиштагии мардумро аз чунин фоҷеаҳо эмин дошта метавонанд, ки сиёсати озмудашударо бо пуштибонии халқи дорои хирад ва зиракии сиёсӣ амалӣ намоянд. Мисоли далелноки ин гуфтаҳо ҳаводиси давлатҳои Ироқ, Либия ва Сурия мебошанд, ки бо таъсири омилҳои беруна суботу амнияти худро аз даст дода, ба мушкилоти ҷиддӣ дучор гардиданд.

Ҳоло дар ҷаҳон шумораи зиёди ташкилотҳои террористӣ ба қайд гирифта шудааст: Ташкилоти «Абду - Нидал», гурӯҳи «Абӯ- Сайёф», гурӯҳи мусаллаҳи исломӣ(«ГИА»), «Аум», «Ал-Гама ал-Исломия» («Гурӯҳи исломӣ» «ИГ»), «Ҳамас»(Ҳаракати муқовимати исломӣ), Ҳаракати  исломии Ӯзбекистон, «Ал –Ҷиҳод» («Ҷиҳоди исломии Миср»), «Ҷиҳоди исломии Фаластин». Мақсади асосии ин гурӯҳҳо таъсиси ба истилоҳ “хилофат” буда, бар зидди давлатҳои низомашон дунявӣ ва демократӣ равона гардидаанд.

Ин гурӯҳҳои тундгаро тибқи нақшаҳояшон бояд давлатҳоро маҷбуран ишғол ва тобеи хилофат гардонанд. Бо ҳадафҳои носолими худ ин гурӯҳҳои террористӣ барои амалӣ намудан бо ҳар роҳу воситаҳо, бахусус аз ҷавонон истифода мебаранд ва яке аз мақсадҳои асосии онҳо ҷалби бештари ҷавонон ба сафи гурӯҳҳояшон мебошад.

Боиси нигаронист, ки раванди ифротгароӣ дар тамоми ҷаҳон хатарҳои умумиинсониро ба бор овардааст, ки яке аз зуҳуроти номатлуб арзёбӣ гардидааст. Ҳар яки мо имрӯз шоҳидем, ки сохти демократӣ, озодии сухан, матбуот, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастгирии башардӯстона ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии бисёре аз давлатҳои соҳибиқтидор ва созмону ташкилотҳои гуногун манфиатҳои миллии халқу миллатҳо ва давлатҳоро зери по карда, мақсаду ҳадафҳои нопоку ғаразноки худро дар дохили онҳо амалӣ менамоянд.

Мо - ҷавонон ба он демократияе ниёз дорем, ки манфиатҳои миллии моро дар худ пурра инъикос намояд. Арҷ ба он озодии сухан ва матбуоте мегузорем, ки бар зидди манфиатҳои миллии мо тарғибот нанамоянд, баръакс онҳоро дар худ инъикос намоянд.

Мо ба он васоити ахборе такя мекунем, ки бо мақсади ғаразнок ва иғвогароиву ҷудоандозӣ таъсис наёфта бошанд ва аз ҷониби гурӯҳҳо ва давлатҳои махсус маблағгузорию пуштибонӣ наёбанд. Дар ин ҷода мо – ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Манфиат ва зарари худро зуд дарк намуда, фирефта нашвем.

Имрӯз барои мо – ҷавонон мушкилтарин кору амал дар раванди бархурдҳои манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, ҳифз намудани манфиатҳои милливу умумидавлатии худ мебошад.

Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки ба мо пайваста таъкид менамоянд, ки дар ин ҷаҳони пур аз таззоду рақобатҳои шадиди глобалӣ тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан, Истиқлолияти комилу давлатдории миллиро ҳифз кардан ва дар ин замина, таъмин намудани амнияти кишвару ҷомеа, пуштибонӣ аз манфиатҳои давлату миллат, аз мову шумо иҷрои корҳои боз ҳам бузургро тақозо мекунад.

Мо - ҷавонон хушбахт аз он ҳастем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва халқи эҷодгару бунёдкорамон таърихи навини худро бо дасти худ бунёд мекунад ва Ватани маҳбубамон пайваста обод мешавад. Ҳамеша талош ба он меварзем, ки сарзаминамон, таърихамон ва муқаддасоти халқу давлатамонро аз ҳамагуна таҳдидҳои ин ҷаҳони пурмоҷаро ва пурталотум солиму эмин нигоҳ дорем. Чунки Сарвари давлате дорем, ки ҳамеша ба мо – ҷавонон таваҷҷуҳи махсус доранд ва пайваста дастгирӣ менамоянд.

Барои мо - ҷавонон суханҳои Пешвои миллат кифоя аст баҳри ҳифзи манфиатҳои миллиамон, ки иброз доштаанд: “Ман аз қадамҳои аввали худ ҳамчун Роҳбари давлат - худшиносии миллӣ, ҳисси ватанпарастиро ба сифати омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ менамоям. Аслан тамоми суханрониҳоям ҷанбаи худшиносии миллӣ доранд.”

Дилноза ШОЕВА, мутахассиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg