НОРАК. Дар деҳаи Навдеи ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Норак Ғафурзода Фирдавс, мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроия Муслима Ғуриева ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дуконӣ” Искандар Наботов оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.
Масъулин доир ба Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, ба сокинон мазмуну муҳтавои онро фаҳмониданд.
Инчунин дар ин раванд оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуданд.