БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФИ АЪЗОИ ҲХДТ МЕАФЗОЯД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи тавонои сиёсии кишвар бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омада, дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа мақому эътибори арзандаро соҳиб гаштааст.

Бинобар ин аксарияти сокинон мехоҳанд ба ин ҳизби бонуфуз аъзо шаванд. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ин ҷода аризаҳои сокинони фаъол, тарғиботчӣ ва ватандӯст аз ташкилоту муассисаҳои гуногунро  қабул намуда, имрӯз бо тантана ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбиро супориданд.

Ҳамзамон, масъулини ҳизбӣ бо аъзои нави ҲХДТ суҳбат ороста, иброз намуданд, ки минбаъд мебояд дар якҷоягӣ боз ҳам дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан -Модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg