БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ МО ҲИЗБИЁН ЗИНДАГИИ ОБОДУ ОСОИШТАИ ҶОМЕА МЕБОШАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, ки мақсадашон зиндагии ободу осоиштаи ҷомеа мебошад, нигоҳ накарда ба обу ҳавои номусоид баҳри ҳифзи солимии ҷомеа ва саҳм гузоштан дар пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки дар ҳавои сард авҷ мегирад, дар Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук роҳ ба роҳ бо мардум суҳбатҳои сарироҳӣ анҷом доданд.

Зимни мулоқот масъулини ҳизбӣ аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки чун бемориҳои сироятӣ дар ҳавои сард зуд паҳн мегардад, гаштугузорро камтар намоянд ва ҳангоми ба берун баромадан даҳону биниро бо ниқоб пӯшонида,  хатарро барои худ ва дигарон кам намоянд.

Ҳамзамон, ба сокинон барои маълумоти пурратар ва возеҳтар ба даст овардан оид ба  пешгирии бемории сироятии каронавирус, аз тарафи масъулини ҳизбӣ варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg