БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР -МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ ДОИР ГАРДИД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон семинари дастурдиҳӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии деҳаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим баргузор гардид.

Дар семинар-машварат масъулини  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон доир ба тарзи ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ сухан ронда, вазифаҳои раисони ташкилотҳои ибтидоиро дар асоси Оинномаи ҲХДТ шарҳ доданд.

Раисони ташкилотҳои ибтидоии мазкур Қодирзода Абдуғаффор ва Нуруллоева Низорамо фикру мулоҳизаҳои худро ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани кори ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои корӣ иброз доштанд.

Инчунин, дар охир ҳозиринро ба муносибати иди дар пешистода, яъне Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg