А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади танзими муътадили ҳаракати аъзои ҳизб дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, семинар -машварати омӯзишӣ дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ” бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Саёҳат Самадзода ва раиси ташкилоти ибтидоии “Ифтихор” оид ба маҳалли зистт Нусратулло Бекназаров ва бо иштироки аксари раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии дар маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Ифтихор гузаронида шуд.
Дар охири кори семинар саволу ҷавобҳо доир гардида , ҳамчунон дар пайрави аз сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор оилаҳои камбизоат кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.