БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР- МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ БО РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Н.ХУСРАВ. Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Ҷамаоти деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фирӯза семинар-машварати дастурдиҳӣ оид ба  таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар семинар-машварат раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Носири Хусрав Ализода Сураё баромад намуда, ба иштирокчиён дар бораи  таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ дастурҳои муфид дод. Инчунин, ҳозиринро ба муносибати ҷашни дар пешистода, яъне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта,  қайд намуд, ки Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номуси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи Тоҷикистонро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg