
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа семинари омӯзишии ҳизбӣ оид ба таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҲХДТ бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон ва иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа баргузор гардид. Дар он масъулин ба иштирокдорони семинар ҳуҷҷатҳои дастуротии ҳизбӣ ва маводҳои иттилоотиро дастрас намуда, ба онҳо дастуру супоришҳои лозимаро таъкид карданд ва саволу ҷавоб миёни иштироккунандагон баргузор гардид.