ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии №19 Саймумин Бобоназаров бори якуму дуюм нест, ки даст ба иқдомҳои шоиста мезанад. Дастгирии муассисаҳои таълимию табобатӣ, оилаҳои ниёзманд, аёдати беморон ва пирони барҷомонда, созандагию бунёдкорӣ ва дигар амалҳои неку хайрхоҳона дар фаъолияти ин вакилӣ дар ҳақиқат мардумӣ ҷой дорад ва онҳоро пайваста ба иҷро мерасонад.
Ин навбат бо ташаббуси Саймумин Бобоназаров роҳҳои байни деҳаи Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт ба масофаи бештар аз чор километр сангфарш карда шуд.
Сокинони деҳа ташаббусҳои вакилро дастгирӣ намуда, дар амалӣ намудани онҳо ӯро якдилона дастгирӣ менамоянд.
Агар дигар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба чунин вакилони ташаббускор пайравӣ менамуданд, обрӯ ва нуфузи вакилиашон дар байни мардум боло мерафт. Мутаассифона, ҳастанд вакилоне, ки баъди вакил интихоб шуданашон алоқаро ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ канда, то имрӯз амали хайрхоҳонаеро ба ҷо наовардаанд.