БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР- МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ БО МАҚСАДИ ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБӢ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ семинар- машварати дастурдиҳӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоати деҳоти Меҳвар ва Намунаи ноҳияи Панҷ  баргузор гардид. Зимни баргузории семинари омӯзишӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳасанова Нигора баромад намуда, ба иштирокчиён оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ дастурҳои муфид  дод. Инчунин, ҳозиринро ба муносибати иди дар пешистода,  яъне ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, қайд кард, ки Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg